Коррупсия [амчун зуњуроти номатлуб



Дата17.01.2019
Размер39.5 Kb.

Коррупсия боварии љавононро аз давлат дур месозад?

Дар айёми хурдсолї аз забони як шахсе шунида будам, ки дар давлате, ки коррупсия вуљуд дошта бошад, пояи он давлат доимо заиф аст. Пас аз шунидани ин сухан ман дар шигифт афтодам ва доимо ин мафњум дар вирди забонам буд.

Доимо ин масъала маро азият медињад, ки ин чизест, ки мустањкамии пояи давлатро заиф мекунад? Охир дар давлат нињоду сохторњои зиёде вуљуд доранд, шояд дар иттифоќ тавонанд, ки ин зуњуроти номатлубро решакан кунанд, то ки давлат рушд кунад ва пойдор бимонад. Вакте ки камол ёфтам, дарк кардам, ки коррупсия чун маризиест, ки муайян карданаш аз љониби пизишкон осон аст, аммо табобаташ номумкин. Имрўз давлате нест, ки аз ин дарди бедармон ором бошад. Дар љањони имрўза яке аз мушкилоте, ки бевосита касро ба дурўѓуї мебарад ва њукуќи озодињои инсонро холалдор мекунад, ин коррупсия мебошад. Коррупсия њамчун омили зишт рушди умумидавлатї, болоравии иќтисодиёт ва некўањволии иљтимоиро боз медорад ва бовариро аз давлат дур месозад, умедро ба оянда аз љавонон кашида мегирад.

Бояд ќайд кард, ки коррупсия таърихи пайдоиши хеле ќадима дорад. Он баробари пайдо шудани давлат низ пайдо шудааст. Ба андешаи бисёре аз олимон нишонањои аввалинро дар бораи коррупсия дар бойгонињои Бобулистони ќадим дучор омадан мумкин аст. Бояд гуфт, ки динњои љањони низ дар бобати коррупсия бетараф набуда, онро дар њар давру замон мањкум мекунанд. Масалан, Паёмбари ислом Муњаммад (с) дар як њадиси худ ќайд кардааст, ки: «Ришвагиранда ришвадињанда ва миёнарав њар се миёни оташи дузаханд».

Дар љањони имрўза коррупсия мафњумњои зиёдеро ба худ дорад, ки аз њама серистеъмолтаринаш коррупсия суистифода мебошад. Ќайд кардан зарур аст, ки коррупсия як навъ кирдори зидди њуќуќи буда, аз дигар кирдорњо бо он фарќ мекунад, ки он танњо аз љониби баъзе шахсони мансабдор ба вуќуъ меояд. Роњбарони корхонањои инфиродї ва оилави субъектњои коррупсия мањсуб намешаванд ва дар ин корхонањо мањдудиятњои хидмати якљояи хешовандон пањн намешаванд. Боиси нигаронист, ки имрўз Тољикистони љавони мо низ аз ин кирдоре, ки комилан зидди њуќуќњои инсон аст, орї нест. Агар воќеиятро гап занем, имрўз соњае нест, ки дар он коррупсия љой надошта бошад.

Аз рўи самтњои фаъолияти худ коррупсия ба шаклњои зерин људо мешавад. Дар маќомоти њокимияти давлатї ва идоракунї, дар маќомоти њифзи њуќуќ, дар соњаи андоз ва гумрук, дар сохторњои низомї, дар соњаи тандурустї, дар соњаи маориф, дар соњаи кишоварзї ва ѓайра.

Коррупсия њамчун падидаи таърихї, иљтимоию иќтисодї, сиёсї, њуќуќї ва фарњангї дорои сабабњои зиёду гуногунљабња мебошад. Яке аз сабабњои асосии коррупсия омезиши давлат ба иќтисодиёт мебошад, ки он аз таърихи ќадими кишвар сарчашма гирифта, дар солњои њокимияти Шўравї боз њам бештар доман пањн кард. Бояд гуфт, ки имконияти дахолати давлат ба равандњои иќтисодї њама ваќт барои фоидабинии шахсї аз ваколатњои мансабї (маъмури) шароит фароњам меорад. Яке аз сабабњои дигари коррупсия ин номукамалии ќонунгузорї мебошад, яъне љой доштани нуќсон дар ќонунгузорї, аз ќабили дар баъзе ќонунњо ва санадњои зерќонуни мављуд будани дариљањо ва меъёрњои барои коррупсия шароити иловагї фароњам оваранда.

Аз нигоњи банда сабаби дигари коррупсия ин роњ ёфтани шахсони тасоддуфи дар маќомотњои давлатї мебошад. Яяъне сатњи дониши ин гуна шахсон паст буда, маърифти њуќуќиашон коста ва њисси мењру муњаббат нисбат ба Ватан-Модар дар нињодашон љой надорад. Пас суоле ба вуљуд меояд, ки инњо чї тавр соњиби мансаб мешаванд? Албата тавассути додани пора, ё ин ки тавассути миёнаравњо соњиби мансабњои давлатї мегарданд, инчунин сатњи нокифояи таъминоти моддии хизматчиёни давлатї ва њамчунин суст будани назорати давлатї ва љамъиятї аз болои онњо. Дигар ин ки аз њад зиёд будани салоњияти шахсони мансабдор низ ба пањншавии коррупсия мусоидат мекунад.

Дар Љумњурии Тољикистон бањри пешгири ва мубориза алайњи коррупсия маќомоти Прокуратура ва Агентии Назорати Молиявї ва мубориза бо коррупсияи ЉТ фаъолият доранд. Лозим ба ёдоварист, ки бояд пеш аз њама маќомотњои мазкур дар фаъолияти худ дасту дилу нияти пок дошта, адолат ва њаќиќатро пеша намуда, кўшиш ба харљ дињанд, ки худ ба сањлангори роњ надињанд ва боварии мардумро ба давлат, маќомотњои давлатї ва хулоса умедро ба оянда кашида нагиранд.

Хулоса, рисолати љонии мост, ки доимо дар њаёти воќеии худ алайњи коррупсия мубориза барем, то ки аз њуќуќњои иљтимої, сиёсї ва фарњангии худ бенасиб намонем. Пас моро лозим аст, ки дар сурати мушоњида кардани амалњои коррупсиони фавран ба маќомотњои дахлдор хабар расонем. Таъмини амнияти моро маќомотњои мазкур кафолат додаанд, њамчунин дар ќонуни ЉТ дар бораи мубориза бар зидди коррупсия дар моддаи 6-и он омадааст.



Кафолати дахлнопазирии шахсоне, ки ба мубориза бар зидди коррупсия мусоидат менамоянд, таъмин карда мешавад. Бигзор доимо дар њаёти воќеии худ аз коррупсия дур бошем ва бањри решакан кардани он мубориза барем.

Фарњод Асламов,

донишљўйи курси

1-уми факултети њуќуќшиносї

Поделитесь с Вашими друзьями:


База данных защищена авторским правом ©zodorov.ru 2017
обратиться к администрации

    Главная страница